МУЛОҚОТИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ЙОРК ШУГРАФ
06 Декабри 2023, Чоршанбе
ш.Душанбе. 06.12.2023. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграфро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ оғози фаъолияти дипломатии Йорк Шуграфро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ карданд, ки он барои тақвияти муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Германияро баррасӣ карда, рушди рӯзафзуни онро дар муддати беш аз сӣ соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ бйни ду давлат қайд намуданд.
Аз сатҳи ҳамкориҳо боҷониби Германия дар пешбурди шарикӣ ва саҳмгузорӣ баҳри рушди босубот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамчунин дар рафти суҳбат масъалаҳои дурнамои рушд ва густариши ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ва байнипарламентӣ, тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ бо таваҷҷуҳ ба истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.