КУМАКИ НАВБАТИИ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА
26 Декабри 2023, Сешанбе
ш.Душанбе. 26.12.2023. Дар пайравӣ бо ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ ба беш аз 14 000 нафар ятимони кулл, бепарасторону маъюбон ва шахсони эҳтиёҷманду ниёзманд кумакҳо иборат аз маводи ниёзи аввалия ва туҳфаҳои солинавӣ расонида шуд.
Туҳфаҳои солинавӣ дар заминаи ибтикороти “аёдат ва супоридани туҳфаҳо” ва бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақи иҷтимоии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таълимгирандагони мактаб-интернатҳо ва ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд супорида шуд.
Дар доираи иқдомҳои хайрхоҳона ва дар ҳошияи ҷашнҳои дарпешистода, туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе иборат аз маводи ғизоӣ, либосҳои гарм ва шириниҳо ба ҳайати бошандагону таълимгирандагони Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии «Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори»-и шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии асосии “Мактаб-интернети рақами 3 барои кӯдакони имконияташон маҳдуддошта”-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти ибтидоии “Мактаб интенати раками 4 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе, МД таҳсилоти миёнаи умумии “Мактаб-интернати раками 5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд”-и шаҳри Душанбе, МД “Хонаи кӯдакони рақами як барои кӯдакони ятиму бепарастор”-и шаҳри Душанбе, МД “Маркази дастгирии оила ва кӯдаки рақами 1”-и шаҳри Душанбе, Маркази минтақавии хизмати иҷтимоӣ барои нафақахӯрон ва маъюбони шаҳри Душанбе ва МД шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шавқат тақдим карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки кумакҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба беш аз 5000 корманди раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе низ дастрас карда шуданд.
Аснои супоридани кумакҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, табрикоти самимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба бошандагони муассисаҳо ва сокинон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ расониданд. Баҳраманд гардидан аз кӯмакҳои мазкур бахусус барои кӯдакону наврасон хело ҳам хурсандибахш буд ва онҳо арзи сипосу миннатдории хешро ба Раиси шаҳри Душанбе ва кулли ташаббускорони ин амали саршори хайру савоб бо пешниҳоди барномаҳои ҷолиби омодакардаашон, ки бозгӯйи дунёи беолоиши кӯдаконаи онҳо буд, самимӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки чунин амали инсонпарварона ва наҷиб чун иқдоми шоднамоӣ ва руҳбаландкунанда дар пайравӣ ба иқдомҳои хайрхоҳонаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат дар заминаи сиёсати самарабахши иҷтимоӣ амалӣ шуда, пайваста иҷро мегардад.
Мавриди зикр аст, ки дасти кумак дароз намудан ба ятимону бепарасторон ва наврасони дорои имкониятҳои маҳдуд дар фарҳанги миллати мо аз хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин аст, ки аз ҷониби шаҳрдории Душанбе имрӯзҳо чун анъана дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба ин қишри аҳоли дасти кӯмак ва ғамхорӣ зоҳир карда мешавад. Кӯмакҳо аз сарулибоси гарми зимистона, маводи озӯқа, тӯҳфаҳои солинавӣ ва анвои мухталифи бозичаҳо барои кӯдакону наврасон иборат буд.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар рафти сӯҳбат бо таълимгирандагони муассисаҳои аз кӯмакҳои Раиси шаҳри Душанбе баҳрамандгардида бори дигар таъкид доштанд, ки таваҷҷуҳ ва дасти кӯмак дароз намудан ба ашхоси ниёзманд аз тарафи давлату ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе идомаёбанда буда, онҳо ҳамеша зери ҳимояву ғамхорӣ қарор мегиранд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин амали неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшад.