Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАРГУЗОР ГАРДИД

16 Феврали 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. 16.02.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2023 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2023 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.
Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ин давра ба 26,4 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 108,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 20,2 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 121 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 107 фоиз, гардиши савдо 112 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 120 фоиз, боркашонӣ 116 фоиз ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардидааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 751 корхонаи саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 4,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 729 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 121 фоизро ташкил медиҳад.
Баҳри амалисозии ҳадафҳои миллӣ ва саноаткунонии босуръати мамлакат ҷиҳати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 январи соли 2022, №309 «Дар бораи «Солҳои рушди саноат» эълон намудани солҳои 2022-2026» сохтмон ва бунёди 71 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 5 ҳазор ҷойи нави корӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст, ки аз ин шумора ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ 42 адад корхона бо таъсиси беш аз 3,8 ҳазор ҷойҳои нави корӣ сохта ба истифода дода шуд.
Аз ҷумла, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе як қатор корхонаҳо, марҳалаи дуюми корхонаи истеҳсоли қолинҳои Душанбе, корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии «Арвис», қаннодии «Амирӣ», равғанбарории «Файзу Баракат», истеҳсоли таҷҳизоти барқии «Имод», истеҳсоли маҳсулоти макаронии «Лазоли» ва маҳсулоти сохтмонии «Сементи Тоҷик» бо таъсиси 4585 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе 181 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 7447 адад ҷойҳои нави корӣ фаъолиятро оғоз намуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – декабри соли 2023 истеҳсоли энергияи барқ беш аз 1,3 миллиард кВт соатро ташкил дод.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ ба миқдори 3,6 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли нерӯи гармӣ ба 943 ҳазор Гкал баробар гардида, ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 46,5 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 11,3 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 35,2 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.
Бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023, №125 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 200 адад иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки ин шумора бо дарназардошти биноҳои пайвастгардидаи солҳои пешин ба беш аз 3200 адад баробар мегардад.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 4,9 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,9 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 1,3 миллиард сомонӣ ё 26,1 фоиз ба маблағгузориҳои давлатӣ, 3,1 миллиард сомонӣ ё 62,6 фоиз ба маблағгузориҳои шахсӣ ва 555 миллион сомонӣ ё 11,3 фоиз ба сармояҳои хориҷӣ рост меояд.
Дар ҳафт соли охир сохтмони зиёда аз 1300 иншоот аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 21,7 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ба фондҳои асосӣ супорида шуд.
Ҳамзамон зиёда аз 2,7 миллион метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки ин нишондод нисбат ба шаш соли қаблӣ 2,6 маротиба ё 2,1 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад.
Ҳоло дар доираи нақшаи генералии шаҳр бунёди зиёда аз 407 иншооту биноҳои таъиноти гуногун амалӣ шуда истодаанд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2022-2026 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабиниҳои гуногун, бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Соли 2023 дар доираи нақшаи зикршуда бунёди 11 муассисаи таълимӣ, 7 муассисаи тандурустӣ, 20 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 4 бинои маъмурӣ, 53 иншооти баландошёна бо ҷойгиронии 38 маркази хизматрасонӣ, 3 тарабхона, 3 иншооти варзиш, таъмири 63 нуқтаи партовпартоӣ ва рангубори 216 бинову иншоот бо таъсиси 4250 ҷойи кории нав анҷом дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар 12 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 24,9 километр ва 2 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,33 километр, инчунин дар 34 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Маҷмуан дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 16км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди пойтахт бунёду азнавсозӣ гардиданд.
Дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 бо ҳама намудҳои нақлиёт 21 миллион тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд, 19,6 миллион тонна бор кашонида шуд, ки 94,2 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 378,6 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 фоиз зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти пешакӣ соли 2023 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 15,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба афзоиши ҳаҷми умумии гардиши савдо, ҳаҷми савдои яклухт 4,7 миллиард сомонӣ ё 118,4 фоиз ва савдои чакана ва таъмири автомобилҳо 10,8 миллиард сомонӣ ё 109,4 фоиз мусоидат намудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хизматрасонӣ ба 13,3 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 20,1 фоиз зиёд мебошад.
Дар моҳи декабри соли 2023 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2022) дар сатҳи 3,6 фоиз нигоҳ дошта шуд.
Тибқи маълумотҳои пешниҳодгардида дар соли 2023 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ ё 105,6 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 213 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Душанбе аз рӯи воридоти андозу пардохтҳои ҳатмӣ 103,5 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 2,9 миллиард сомонӣ маблағ ворид шуд, ки ин аз нақшаи пешбинигардида 95 миллион сомонӣ зиёд аст.
Дар соли 2023 дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 46119 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2770 адад ё 6 фоиз зиёд мебошад.
Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 8712 нафар (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105,8 фоиз) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 37090 нафар (106,5 фоиз), аз ҷумла бо патент 25870 нафар (109 фоиз) ва бо шаҳодатнома 11220 нафарро (108 фоиз) ташкил медиҳад.
Вазъи бозори истеъмолӣ. Дар соли 2023 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2023, №75 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2023» корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 2,6 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро бо нархҳои нисбатан арзон пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.
Бо мақсади саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе то имрӯз зиёда аз 3 ҳазор тонна орд, 6,5 ҳазор тонна гандум, 5 ҳазор тонна картошка, 7 ҳазор тонна пиёз, ҳазор тонна сабзӣ, 2 ҳазор тонна шакар, 523 тонна равғани растанӣ ва 176 тонна биринҷ барои давраи тирамоҳу зимистон харидорӣ ва нисбат ба нақша барзиёд захира карда шудааст.
Хизматрасониҳои коммуналию манзилӣ. Ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани пойтахт дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 123,4 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид.
Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 93,6 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он бо инобати қарзҳои пешин 102,1 миллион сомонӣ ё 109 фоизро ташкил намудааст.
Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он саривақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 364 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 265,2 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 18,6 миллион бех гулҳои мавсимӣ ва бисёрсола ва дар майдони 129 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.
Шуғли аҳолӣ, бозори меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ. Аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият зиёда аз 41851 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 568 адад ё 1,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаҳри Душанбе дар давраи ҳисоботӣ шумораи нафақахӯрон ба 73976 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5205 ё ин, ки 7,6 фоиз афзоиш ёфтааст.
Мақомот фаъолияти худро дар самти рушди маънавиёт, ташаккули ватандӯстиву хештаншиносии сокинони шаҳр, дастгирии фаъолияти эҷодии шаҳрвандон, тарбияи ахлоқии ҷомеа мутобиқ ба арзишҳои фарҳангии миллию умумибашарӣ ба таври ҳамешагӣ равона намуда, дар ин давра 92 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомот бо фарогирии зиёда аз 22,4 ҳазор нафар масъулини сохторҳои марбута ва сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт доир карда шуд.
Соҳаи маориф яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб рафта, баҳри рушди ҳамаҷонибаи он пайваста чораҳои муассир амалӣ гардида истодааст.
Дар шаҳри Душанбе 163 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ин теъдод 96 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 56 муассисаи томактабии хусусӣ ва 11 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо бо фарогирии 32123 нафар тарбиятгирандагон ва 1921 нафар мураббияҳо фаъолият намуда истодаанд.
Дар баробари ин, 201 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 181 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус), 1 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 156 муассисаҳои таълимии давлатӣ ва 45 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 285378 нафар хонанда фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 134724 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар умум 1625 медал, аз ҷумла аз ҳисоби Олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 1178 медал ва аз ҳисоби Олимпиадаҳои байналмилалӣ 447 медалро ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир шумораи барандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе афзуда аз 170 ба 240 адад расонида шуд. То инҷониб ба 1160 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба маблағи беш аз 3,2 миллион сомонӣ стипендия дода шуд.
Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ 754 маротиба вохӯрии масъулин миёни хонандагон ва волидайни онҳо бо фарогирии 204 ҳазор нафар дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор карда шуд.
Масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд, ки аз ин 16 беморхона, 2 маркази дастгирии оила ва кудак, 15 маркази саломатии шаҳрӣ, 4 маркази стоматологӣ, 12 муассисаҳои соҳавӣ, 5 маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, 3 стансияи дезинфексионӣ ва 4 муассисаи ёрирасон мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 114,7 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 9,3 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 36,1 ҳазор нафар ё 32 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.
Яке аз бахшҳои муҳим дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди соҳаи мазкур як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.
Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 24 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 12 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт 4305 адад нусха аз китобу маҷаллаҳои тозанашр ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шуд.
Имрӯз фонди умумии китобхонаҳои шаҳриро 491078 нусха китоб ва теъдоди китобҳои электрониро 77200 нусха ташкил медиҳанд.
Шумораи хонандагони китобҳо дар китобхонаҳои болозикр дар ин давра 22471 нафарро ташкил дод.
Дар шаҳри Душанбе аз шумораи умумии аҳолӣ 600,9 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.
Дар ин давра 6437 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 2843 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 1827 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 595 адад кам мебошад.
Дар робита ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар ин давра як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.
Бо ин мақсад дар пойтахт дар давраи ҳисоботӣ баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маҷмӯъ 2984 чорабинӣ бо фарогирии беш аз 1 миллион нафар гузаронида шуд.
Дар ин давра дастпарварони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ ва варзишгарони шаҳри Душанбе дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 8671 адад медал (тилло - 2981 адад, нуқра - 2654 адад ва биринҷӣ - 3036 адад) гардиданд.
Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Дар ин давра беш аз 229 ҳазор меҳмонон аз хориҷи кишвар ба шаҳри Душанбе сафар намуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 ҳазор нафар ва ё 19 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси ниёгон 95 чорабиниҳои гуногуни сайёҳӣ ва 25 мулоқоту корҳои фаҳмондадиҳӣ ташкилу баргузор карда шуд.
Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 222 ҷиноят ё 5 фоиз кам мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2023 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.

Илова кунед