ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ ҶАМЪИЯТӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади соддагардонии раванди пардохти роҳкиро, ҳалли баҳсҳо оид ба бозпасгирии бакияпулӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, шурӯъ аз 7-уми октябри соли 2019 дар хатсайри автобусии №4 (Терминали «Шарқ-Транс»-ҶДММ «Маром») пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз мусофирон эҳтиромона ҳоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми саворшавӣ ба автобусҳо аз кортҳои электронӣ истифода баранд.