Тоҷикӣ

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ ДАР ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚУ ТАРТИБОТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

20 Феврали 2024, Сешанбе

ш.Душанбе.20.02.2024. Дар идомаи баргузории мулоқоту вохӯриҳои судманд, ки аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сохторҳои гуногуни пойтахт доир гардида истодааст, ин навбат вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи пойтахт доир гардид.
Зимни баргузории мулоқоти мазкур ҳозирин бобати муҳимияту мубрамияти Паёми сарвари давлат ба ҳозирин маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дастури муҳим ва раҳнамунсоз барои ҳар як сокини кишвар, алалхусус ҷавонон маҳсуб ёфта, ҳар як шахси ватандӯстро водор месозад, ки дар рушди минбаъдаи ватани маҳбубамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши сазовор дошта бошад.
Меҳмонон дар идомаи суханронии хеш саҳми беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафт, ободию шукуфоии кишвар, дастгирию ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла наврасону ҷавонон, маъюбону барҷомондагон ва дигар қишри ҷомеа ёдовар шуда, ҳозиринро баҳри содиқ будан ба кору пайкорашон, даъват намудани аҳли ҷомеа ба илмомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, густариши фазои инноватсионӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Илова кунед