Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №114 АЗ 27.02.2024

27 Феврали 2024, Сешанбе

Дар бораи «Соли маърифати экологӣ» эълон намудани соли 2024

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                     ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Соли 2024 дар шаҳри Душанбе «Соли маърифати экологӣ» эълон карда шавад.

2. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе 900-рӯзи ободонӣ амалӣ карда шавад. 

3. Воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе таъмини иҷрои қарори мазкурро тибқи нақша – чорабиниҳои таҳиягардида таъмин намоянд (замима мегардад).

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе», инъикоси васeи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  гузошта шавад.

                                                                                       Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед