Тоҷикӣ

ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР САТҲИ ОЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

08 Марти 2024, Ҷумъа

Дар Муассисаи давлатии қасри теннис ва маҷмааи варзиши оби пойтахт панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор кагрдид.
Дар ин чорабинии варзишӣ зиёда аз 200 варзишгар аз 39 кишвари олам барои қувваозмоӣ ширкат намуданд.
Дар маросими кушодашавии панҷумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ “Гӯштингирӣ”, барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед баромад намуда, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди варзиш дар мамлакат муҳим арзёбӣ намуданд.
Тазаккур бояд дод, ки дар қисмати нимниҳоӣ ва ниҳоии рақобатҳо, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бевосита ширкат намуданд, ки барои варзишгарони тоҷик як руҳу илҳоми тозае бахшид ва ба гирифтани медалҳои зиёд мушарраф гардиданд.
Аз 7 вазне, ки дар мусобиқа пешбинӣ гардида буд, дар чортои он гӯштингирони тоҷик медалҳои тиллоро соҳиб гаштанд.
Аз ҷиҳати шумораи медалҳо ва гурӯҳӣ низ дастаи Тоҷикистон мақоми аввалро иъсазовор гардид.

Илова кунед