ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №137 АЗ 14.03.2024
Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 24 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
Қ А Р О Р М Е К У Н А М:
1. Мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе санаи 17 марти соли 2024, соати 15:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба баргузории мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.
3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт тибқи замимаи 4 барои гузаронидани чорабинии мазкур маблағи 279750 (дусаду ҳафтоду нуҳ ҳазору ҳафтсаду панҷоҳ) сомонӣ бо дарназардошти андозҳо ба Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., муовинони Раиси шаҳри Душанбе, Одилзода Д.Р., Холмуҳамадзода С.А., Раҳимзода Т.К., раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қодирзод Р.Р., Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо кумитаи тадорукот, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи «Пойга ва бузкашӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даъват ва ҷалби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» якҷо бо Муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» инъикоси муҳтавои қарор ва чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ