БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПИРЯХҲО ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ТАШАББУСҲОИ САБЗ: ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕ»
15 Марти 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе. 15.03.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», 21 март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», 22 март Рӯзи ҷаҳонии об ва соли 2024 «Соли маърифати экологӣ» дар шаҳри Душанбе, инчунин идомаи ҷонибдории иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим, дар толори «Болрум»-и меҳмонхонаи «Ҳайят Реҷенсии Душанбе» Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе» баргузор гардид.
Дар кори Конфронс намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти иҷроия, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими шаҳри Душанбе, дастгоҳи Раиси шаҳр, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва васоити ахбори омма, иштирок намуданд.
Сароғоз иштирокчиён аз намоиши аксҳое, ки таҷассумкунандаи паҳлӯҳои алоҳидаи ҳифзи пиряхҳо мебошанд, ошно гардиданд.
Сипас дар назди ҳозирин муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода Сулаймон суханронӣ намуда, аз иқдомҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ибрози назар намуданд.
Дар расми ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерализода Баҳодур, муовини Вазири корҳои хориҷӣ Имомӣ Содиқ ва дигарон суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш роҳбарони вазорату идораҳои кишвар, олимону муҳаққиқони соҳа дар мавзӯъҳои «Душанбе - шаҳри сабз», «Потенсиали манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар рушди иқтисоди сабз», «Рафти амалишавии қатъномаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», «Ташаббусҳои байналмилали Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба коҳиш додани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва нақши старатегии онҳо дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нақши ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист», «Ташаббусҳои оби Тоҷикистон - заминаи мусоид барои таҳқиқотҳои илмӣ», «Тоҷикистон - пешоҳанги масоили омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон» ва ғайра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, оид ба самтҳои умдаи ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим ва нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббуси сабз маълумот доданд.
Дар ҷараёни кори конфронс байни иштирокдорони он атрофи масъалаҳои мубрами ҳалли мушкилоти глобалии муҳити зист ва нақши шаҳрҳо дар роҳандозии ибтикороти сабз, хусусан таҷрибаи шаҳри Душанбе дар ин самт, муколамаи судманди афкор сурат гирифт.