Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №185 АЗ 08.04.2024

08 Апрели 2024, Душанбе

Дар бораи ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм»

Бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣпайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                            ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Дар соли 2024 байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ташкил ва баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҳайати ҳакамон ва харҷномаи озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» тибқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣбаргузор намудани озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» тадбирҳои амалӣандешанд.

4. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон даршаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 4 ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» маблағи 406 300 (чорсаду шаш ҳазору сесад)сомониро ба Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳриДушанбеҷудо намояд.

5. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи васоити ахбори омма таъмин намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                    Рустами Эмомалӣ

Илова кунед