ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 22 апрели соли 2024 хатсайри нави автобусии №61 (Терминали ғарбӣ-таваққуфгоҳи маркази савдои “Ховарон”) ба фаъолият оғоз менамояд. Ҳаракати автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ва кӯчаву хиёбонҳои А. Навоӣ, Карамов, Н. Ганҷавӣ, И. Сомонӣ, Шероз, Шотемур, М. Турсунзода, Н. Муҳаммад, Дустии халқҳо, А. Дониш, Мастонгулов, Зебунисо ва С. Айнӣ ба роҳ монда мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои наву муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақди буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.