ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №250 АЗ 16.04.2024
Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои шаҳрии «Мураббии сол-2023», «Омӯзгори сол-2023» ва «Хонандаи сол-2023» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ - маънавии кормандони соҳаи маориф ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
ҚАРОР МЕКУНАМ :
1.Протоколи ҷамъбастии ҳайати ҳакамони даври шаҳрии озмунҳои «Мураббии сол-2023», «Омӯзгори сол-2023» ва «Хонандаи сол-2023», ки ғолибони озмунҳоро муайян намудааст, тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2, 3).
2.Ҷоизаҳои ҳавасмандгардонии молиявии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе «Мураббии сол-2023», «Омӯзгори сол-2023» ва «Хонандаи сол-2023» тасдиқ карда шавад (замимаи 4).
3.Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 4 аз ҳисоби маблағҳои ба ин мақсад дар буҷети соҳаи маориф пешбинишуда, 27 050 (бисту ҳафт ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
4.Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо ҷоизаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе чораандешӣ намоянд.
5.Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6.Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ