ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №252 АЗ 16.04.2024
Дар бораи тасдиқи Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024, №АП-533 вобаста ба эълон намудани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ҷиҳати амалисозии Нақшаи чорабиниҳои мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васeи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ