ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №258 АЗ 17.04.2024
Дар бораи ҳавасмандгардонии ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 23 майи соли 2012, №262 «Дар бораи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷоизаҳои ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе ва протоколи кумитаи тадорукоти ҷамъбасти даври шаҳрии озмунҳои «Беморхонаи сол-2023», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол-2023», «Табиби сол-2023», «Табиби оилавии сол-2023», «Корманди миёнаи тибби сол-2023», ки ғолибони озмунҳоро муайян намудааст, тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
2. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби сарфаи маблағҳои соҳаи тандурустӣ тибқи замимаи 2 маблағи 34 840 (сиву чор ҳазору ҳаштсаду чил) сомонӣ ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо ҷудо намояд.
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо ҷоизаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳо чораандешӣ намоянд.
4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ