Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ГУРӮҲИ КОРӢ ОИД БА ТАҲЛИЛИ ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ

22 Апрели 2024, Душанбе

ш.Душанбе. 22.04.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе қайд намуд, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 ноябри соли 2022 оид ба амалӣ намудани тадбирҳо дар самти пешигирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ бо ҷалби роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душнабе гурӯҳи корӣ оид ба таҳлили хавфҳои коррупсионӣ таъсис дода шудааст ва ҳамасола бо иштироки васеи аъзои гурӯҳи корӣ ҷаласа доир мегардад.
Дар идома масъулини Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе низ маъруза намуданд. Зикр шуд, ки солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили коррупсия ҳамчун як падидаи номатлуб, ҷомеаи имруза бахусус аъзоёни солим ва қувваҳои пешқадами онро ба ташвиш овардааст. Дар асоси амалияи мақомоти идоракунии давлатӣ, таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тадқиқотҳои илмӣ дарҳол ба як низоми мониторинг, яъне таҳлили донишҳо ва таҷрибаи муборизаи шадид бо коррупсия ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ табдил ёфтаст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд бо дарназардошти дар кишварҳои пешқадми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки тараққиёти иқтисодӣ ва рушди иҷтимоии худро бо ташаккули низоми устувори мукаммали муқовимат бо коррупсия вобаста менамоянд, ҳамчун раванди илмӣ қабул карда шудааст ва дар баробари сиёсати ҳуқуқии пешгирифтаи давлат оид ба муқовимат бар зидди коррупсия, дар ин самт тадқиқотҳо гузаронида шудаанд ва ин раванд идома дорад. Ҳамзамон қайд шуд, ки ошкор намудани сабаб ва шароити ба содир намудани ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкорсозии соҳаҳо ва ташкилотҳои ба содир намудани ҷиноятҳо ва ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ моилбуда, пешгирии ҷиноятҳо вa дигар ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодию иҷтимоии давлат бо роҳи ташкили маҷмуи чораҳои пешгирисозандаи коррупсия, андешидани чораҳои зарурӣ барои рафъ ва бартарафсозии равандҳои ҷинояткорӣ вобаста ба коррупсия, гузаронидани таҳили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) бо мақсади муайян намудани соҳаҳо ба хавфи коррупсия бештар гирифторбуда, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомоти Агентии назорати даватии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон маҳсуб меёбад.

Илова кунед