ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №287 АЗ 03.05.2024
Дар бораи ҷудо намудани маблағ
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қарор мекунам:
1. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе, маблағи 337 000 (сесаду сиву ҳафт ҳазор) сомонӣ ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, аз ҷумла маблағи 292 000 (дусаду наваду ду ҳазор) сомонӣ барои ҳавасмандгардонии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ба ҳар кадоме ба андозаи 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ, ба шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ кор кардаанд, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон) ва маъюбони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ба андозаи 800 (ҳаштсад) сомонӣ тибқи замимаи 1 ва маблағи 45 000 (чилу панҷ ҳазор) сомонӣ барои харидории гулчамбарҳо тибқи замимаи 2 бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҷудо намояд.
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе маблағҳои ҷудогардидаро ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватание, ки дар шаҳри Душанбе истиқомат менамоянд, зимни аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматиашон, бо тантана аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе на дертар аз 7 майи соли ҷорӣ супоранд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ