Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №292 АЗ 07.05.2024

07 Майи 2024, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳри Душанбе ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии СММ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг-ЮНЕСКО ва эҳёи дигар навъи санъату ҳунарҳои қадимаи миллӣ

Бо мақсади иҷрои банди 10-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои банди 7-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                   ҚАРОР МЕКУНАМ:

 1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссия ва харҷномаи Фестивал тасдиқ карда шавад (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе - сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар шаҳри Душанбе тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 50250 (панҷоҳ ҳазору дусаду панҷоҳ) сомониро тибқи харҷномаи замимагардида ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории Фестивали мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

6.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                               Рустами Эмомалӣ

Илова кунед