ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №288 АЗ 07.05.2024
Дар бораи баргузор намудани озмуни «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 32-и Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти оила дар таҳкими фарҳанги оиладорӣ ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ, нигаҳдорандаи анъанаҳои миллӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ озмуни «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе байни сокинони пойтахт баргузор карда шавад.
2. Низомномаи озмуни «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссияи шаҳрӣ ва ҳисобномаи хароҷоти озмун тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).
3. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни мазкур муқаррар гардида, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он бо ҳайати комиссия ва сохторҳои дахлдор ҳаматарафа чораҷӯйӣ намояд.
4. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани даври ноҳиявии озмун тадбирҳои зарурӣ андешанд.
5. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда тибқи замимаи 3 ба суратҳисоби шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 36100 (сиву шаш ҳазору сад) сомонӣ ҷудо намояд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ таъмин намоянд.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ