Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №618 АЗ 08.10.2019

09 Октябри 2019, Чоршанбе
Дар  бораи  Барномаи  давлатии  рушди  таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025
 
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 35 Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», 
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 - 2025 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
3. Амалисозии Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025 дар доираи маблағгузории буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд амалӣ карда шавад. 
4. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муқаррар карда шуда, ҳар шаш моҳ оид ба рафти амалисозии он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.
5.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.
7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри  Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
  
Рустами Эмомалӣ 

Илова кунед