ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №438 АЗ 01.07.2024
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 12 июли соли 2024, соати 900 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Оид ба рафти иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12 сентябри соли 2023, №479 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2023 ва баҳори соли 2024 дар шаҳри Душанбе»;
2.2. Дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»;
2.3. Дар бораи Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва рафти иҷрои Нақша
чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин соҳа;
2.4. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм;
2.5. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад (замимаи 1).
4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 10 июли соли 2024 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ