Тоҷикӣ

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО РОҲБАРИ АГЕНТИИ ТУРКИЯ ОИД БА ҲАМКОРӢ ВА ҲАМОҲАНГСОЗӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

20 Июни 2024, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 21.06.2024. Имрӯз муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо Роҳбари Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ТИКА) ҷаноби Иброҳим Этҳем Унал мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот имкониятҳои роҳандозии лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг, технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои зертобеъи шаҳри Душанбе дар доираи «Барномаи табодули таҷриба» мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки ТИКА аз соли 1995 инҷониб дар Чумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошта, дар татбиқи амалии беш аз 300 лоиҳаҳои хурду миёнаи таъйиноташон гуногун дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, касбомӯзӣ ва рушди воҳидҳои маъмурӣ саҳми худро гузоштааст.

Илова кунед