Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАХУСТИНИ ШӮРОИ СОҲИБКОРЗАНОН ДАР ПОЙТАХТ

26 Июни 2024, Чоршанбе

ш.Душанбе. 26.06.2024. Бо мақсади иҷрои банди 10-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 26 июли соли 2021, №434 “Дар бораи тасдиқи “Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, №167 “Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2021-2025” ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 майи соли 2024, №291 “Дар бораи ташкили Шурои соҳибкорзанон дар шаҳри Душанбе” ҷиҳати дастгирии ташаббусҳои занон дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолгардонии саҳми онҳо дар пешрафти ҷомеа дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва соҳибкорзанони фаъоли пойтахт ҷаласаи нахустини Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.
Нахуст, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар вобаста ба ҳадафи таъсиси Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳамияти он дар рушди соҳибкории занон суханронӣ намуда, сипас, мутобиқи рӯзномаи ҷаласаи Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъалаҳои тасдиқи ҳайат (Раис, муовини Раис, котиби Шуро) ва аъзои Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тасдиқи Нақшаи кории Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои нимсолаи дуюми соли 2024, суханронии муовини Директори генералии ҶДММ “555 МПК” (соҳибкор- қаннод) - Қаноатова Мамнуна, суханронии ҳунарманд (чакандӯз) аз ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе - Ёдгорова Давлатбӣ ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Шурои соҳибкорзанони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе созмони ҷамъиятӣ буда, бо мақсади дастгирии занони соҳибкор, ҳамоҳангсози фаъолияти соҳибкорӣ миёни занони шаҳри Душанбе, мусоидат дар тавонмандии занони соҳибкор, мусоидат баҳри дастгирии молиявӣ ва иҷтимоии занони ниёзманду осебпазир, рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии занон ташкил карда шудааст.
Ҳадафи асосии Шуро, ин ҳамоҳангсозии ҳаракат ва фаъолиятҳои соҳибкорзанони шаҳри Душанбе, инчунин мусоидат намудан баҳри рушди онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои бонувони соҳибкори шаҳри Душанбе, дастгирии занону ҷавондухтарони соҳибкори пойтахт, баҳри рушди маҳорату малакаи касбии онҳо, ҷалби занону духтарони лаёқатманд ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути баргузории шуроҳо, ҳамоишҳо, мизҳои мудаввар, семинару тренингҳои омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои илмию маърифатӣ мебошад.

Илова кунед