ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ПОЙТАХТИ МАМЛАКАТ-ШАҲРИ ДУШАНБЕ
27 Июни 2024, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 27.06.2024. Шоми имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар назди шаршараи муассисаи давлатии Боғи "Наврӯзгоҳ", бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиш ва фурӯши маҳсулоти хӯрока, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар оғоз Муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Саидзода Фирдавс, Фақерзода Рустам, роҳбари дастгоҳ Қурбонализода Нурулло, роҳбарони кумитаву муассисаҳо, инчунин сардорони раёсату шуъбаҳои мақомот ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе аз намоиши мазкур дидан намуданд.
Сипас дар қисмати расмӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт ва иштирокчиёни чорабинӣ расонида, тамоми мардуми шарифи кишвар ва сокинони пойтахтро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.
Дар баромад зикр гардид, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки яке аз санаҳои муҳиму таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Бинобар ин ҳар яки мо бояд ба қадри ин неъмат яъне ваҳдату якдилӣ, оромию осоиштагӣ бирасему баҳри пешрафту шукуфоии ватани азизамон Тоҷикистон якдилона камари ҳиммат бандем.
Баъдан чорабинии фарҳангии иборат аз суруду мусиқиҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ваҳдату якдилӣ дар иҷрои сарояндаҳои маҳбуби кишвар манзури меҳмонону иштирокчиёни чорабинӣ гардонида шуд.