Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ШАҲРИИ ФЕСТИВАЛИ ЯХМОС, ДӮҒОБ, ШАРБАТИ МЕВА ВА ОБҲОИ ТАШНАШИКАН

02 Июли 2024, Сешанбе

ш.Душанбе. Дар Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” даври шаҳрии фестивали яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарияту намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳо ва намояндагони корхонаву ширкатҳои яхмосу оббарории пойтахт иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонону иштирокчиёни фестивал аз номоиши навъҳои гуногуни яхмос, дӯғоб, шарбати мева ва обҳои ташнашикан, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ” ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба намунаҳои беҳтарини онҳо баҳои баланд доданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Сорбон Холмаҳмадзода суханронӣ намуда, зикр карданд, ки фестивали мазкур бо мақсади баланд бардоштани иқтидори корхонаҳои саноатӣ дар пойтахт, беҳтар намудани сифати истеҳсолоти ватанӣ ва қарори Раиси шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.
Баъд аз санҷишу азназаргузаронӣ ғолибони фестивали мазкур муайян карда шуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе диплому сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Акнун ғолибон шаҳри Душанберо дар даври ҷумҳуриявии Фестивали мазкур муаррифӣ хоҳанд кард.

Илова кунед