Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №455 АЗ 12.07.2024

12 Июли 2024, Ҷумъа

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури нав хобонидашудаи қутраш 1020мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 800мм дар ҳалқаи кӯчаҳои Шамсӣ ва Маяковский, ки дар доираи тадбиқи  лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе», тибқи DWSWP/W-04 (лоти 4) қитъаи №72, бо маблағгузории  Бонки  Умумиҷаҳонӣ амалӣ гардида истодааст ва ба инобати муроҷиати КВД «Обу корези Душанбе», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                     ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 1020мм, воқеъ дар ҳалқаи кӯчаҳои Шамсӣ ва Маяковский, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои банақшагирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино; маҳаллаҳои Шишхона, Ҳаёти-нав, Дустӣ, Мовароунаҳр,  Камонгарон, Чортеппа, шаҳракҳои  11, 12, 13, 14, 15, 15а, 31, 32, 83, 84, 103 ва 104  аз соати 23:00 рӯзи 15 июли соли 2024 то соати  16:00 рӯзи  16 июли  соли 2024 қатъ мегардад.

3. Аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои 18 соат захира намоянд.

4. Раиси ноҳияи Сино ва директории Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

5. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе»  инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                           Рустами Эмомалӣ

Илова кунед