ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №479 АЗ 23.07.2024
Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли об дар канали дериватсионии неругоҳи барқӣ – обии 2-и филиали Силсиланерӯгоҳҳои Варзоб
Бо мақсади чораандеши нисбат ба мактуби Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №23/1-256 аз 13 июни соли 2024 ва супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон №23608(27-8) аз 22 июни соли 2024, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 19 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Ҷадвали замимагардидаи боздоштани канали дериватсионӣ дар минтақаи аз ПК-1 то ПК-61 ҷиҳати дарёфт намудани ҷасади шахси ғарқшуда тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки дар ҷараёни гузаронидани корҳои ҷустуҷӯӣ аз соати 03:00 то соати 12:20 рӯзи 25 июли соли 2024 таъминоти оби нӯшокӣ (аз канали дериватсионӣ истифодашаванда) дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба пуррагӣ ва дар ноҳияҳои Шоҳмансур, Сино, Фирдавсӣ қисман қатъ мегардад:
-ноҳияи И.Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ, Бадахшон - 1 ва 2, кӯчаҳои Д.Халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Ак.Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз биноҳои 1 то 77;
-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои 10, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 82, 83, 84, 91, 92, 101, 102, 103, 104, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, М.Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон - 1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, шаҳракҳои 23, 24, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе қатъ мегардад.
3. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи зарури ба роҳ мондани корҳои ҷустуҷӯи дар канали дериватсионӣ аз минтақаи ПК-1 то ПК-61 вазифадор карда шавад.
4. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашонӣ, сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ