Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №457 АЗ 18.07.2024

18 Июли 2024, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 9-и Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 18 июли соли 2022, №372 Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022, №204 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                                    ҚАРОР МЕКУНАМ :

1. Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Низомномаи озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон», ҳайати Комиссия, маълумотнома, варақаи баҳодиҳии хизматчии давлатӣ ва ҳисобномаи хароҷотии он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

3. Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни мазкур муқаррар гардида, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани он чораҷӯӣ намояд.

4. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 5 дар доираи ҳисобномаи хароҷотии Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маблағи 26 100 (бисту шаш ҳазору сад) сомониро таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед