НИШАСТИ МАТБУОТИИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БУРГУЗОР ГАРДИД.
ш.Душанбе. 26.07.2024. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2024 нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар он роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2024 дар назди намояндагони васоити ахбори омма гузориш доданд.
Тавре зикр гардид, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.
Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба 14,3 миллиард сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 23,2 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 123 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 114 фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 132 фоиз, гардиши савдо 114 фоиз, боркашонӣ 111 фоиз ва мусофиркашонӣ 105 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2,4 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмӯъ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, 22 805 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис ва барқарор карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1319 адад зиёд мебошад.
Аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 2,1 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 213,6 миллион кВт соат зиёд мебошад.
Маблағи умумии ҳисобшудаи энергияи барқ интиқолгардида, дар давраи ҳисоботӣ ба 720 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии он бошад 694 миллион сомониро ташкил дод, ки ба 96 фоизи нақша баробар мебошад.
Истеҳсоли энергияи гармӣ дар ин давра ба 783 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 42 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра ба тамоми муштариён ба маблағи 39 миллион сомонӣ энергияи гармӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 34 миллион сомониро ташкил дод.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 2,5 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомот дар 12 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ ва дар 15 иншооти дигар корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ дар ҳаҷми 214 миллион сомонӣ иҷро гардида, айни замон корҳо дар ин самт бо маром идома доранд.
Дар ин давра дар соҳаи маориф корҳои азнавсозию сохтмонӣ дар 24 иншоот барои 23 450 ҷойи нишаст дар як баст ва дар 56 муассисаҳои томактабӣ барои беш аз 11 220 ҷой, ки дар зери биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва алоҳида ҷойгир мебошанд, корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Моҳи январи соли ҷорӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ муассисаи томактабии хусусии «Ахтарак» барои 200 тарбиятгиранда ифтитоҳ гардида, мавриди истифода қарор дода шуд.
Қобили зикр аст, ки 5 июли соли ҷорӣ сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Си Ҷинпин дар вазъияти тантанавӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ расман ба фаъолияти 2 иншооти муҳташаму муосир - Парлумони Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 35 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4284 чорабиниҳои гуногун бо таъсиси беш аз 13 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи ин ҷашни бузурги миллӣ ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 1954 адад чорабинӣ, аз ҷумла бунёди 26 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 15 муассисаи тандурустӣ, 46 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 40 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 126 иншооти баландошёна бо 96 маркази хизматрасонӣ, 9 иншооти варзишӣ, рангубори 477 бино, 173 нуқтаи партовпартоӣ ва як қатор корҳои дигар бо таъсиси беш аз 2,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ амалӣ карда шуд.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот ин бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани сокинону меҳмонони пойтахт ба ҳисоб меравад.
Дар ин давра 61 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол карда шуд.
Ба муштариён ба маблағи 54 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи он 52 миллион сомонӣ ё 96,3 фоизро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки симои воқеии ҳар як давлатро аз пойтахти он мешиносанд, ки дар баробари дигар соҳаҳо дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе як зумра корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва шаҳраку маҳаллаҳо ба миқдори 403 ҳазор бех дарахту буттаҳо ва беш аз 14 миллион гулҳои мавсимӣ шинонида, дар масоҳати 149 ҳазор метри мураббаъ майдонҳо майсазор гардид.
Дар соҳаи хизматрасонии нақлиётии пойтахт бо ҳама намуди нақлиёт 204 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,6 фоиз зиёд мебошад.
Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 17 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 13 ширкати таксӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин давра бо дарназардошти ворид ва ба истифода додани автобусҳои нави замонавӣ, инчунин вобаста намудани баъзе аз хатсайрҳои амалкунандаи микроавтобусӣ ба хатсайрҳои автобусии корхонаҳои коммуналӣ, ҳиссаи бахши коммуналӣ дар хизматрасонӣ ба мусофирон нисбат ба ҷамъиятҳои нақлиёти хусусӣ зиёд гардидааст.
Соли ҷорӣ тибқи шартнома бо ширкати ватанӣ харидории боз 30 адад электробуси замонавии нав ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади таъмини иҷрои Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028 - 2958 электромобил харидорӣ ва ворид гардид, ки ин 68 фоизи шумораи нақлиёти кироякашро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон 126 адад дастгоҳу таҷҳизотҳои пуркунандаи қувваи барқ ворид карда шудааст, ки айни ҳол дар нуқтаҳои муайян насб гардида истодаанд.
Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми зеҳнии сабти аксу видеоии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, дар нуқтаҳои истгоҳи нақлиёти маршрутӣ ва хатҳои махсуси ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ пешбинишуда» айни ҳол дар 24 чорроҳаҳои автомобилгарди пойтахт камераҳои назоратии мушоҳидавӣ ва дар 24 минтақа ва роҳҳои автомобилагарди шаҳр камераҳои махсуси суратсанҷ ва 28 адад аломатҳои роҳ насб гардида, фаъолияти онҳо мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст.
Инчунин дар 11 минтақаи нав корҳои васлу насби камераҳои махсуси суратсанҷ идома доранд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ нақшаи контингенти умумии даромадҳои буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 2,2 миллиард сомонӣ ё 112,4 фоиз иҷро гардид, ки ин аз нақша 240 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз буҷети шаҳри Душанбе ба маблағи 634 миллион сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда шуд.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети шаҳри Душанбе ба андозаи 98,9 фоиз иҷро гардида, ба соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии шаҳр зиёда 1,5 миллиард сомонӣ равона гардид.
Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.
Дар ин давра ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ ба 65,4 миллион доллари ИМА баробар гардид.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ дар пойтахти азизамон, як қатор лоиҳа дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар соҳаи обу корезӣ ду лоиҳа ба маблағи 88,4 миллион доллари ИМА, дар соҳаи нақлиёти барқӣ як лоиҳа ба маблағи 8,8 миллион доллари ИМА, дар соҳаи биллинги барқӣ як лоиҳа ба маблағи 88 миллион доллари ИМА ва дар соҳаи гармидиҳӣ як лоиҳа ба маблағи 11,1 миллион доллари ИМА амалӣ гардида истодаанд.
Айни замон, дар шаҳр 16 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз аввали татбиқи онҳо то инҷониб зиёда аз 172 миллион доллар аз худ карда шудааст, ки 25 миллион доллар он ба давраи ҳисоботӣ рост меояд.
Шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор дар ин давра ба 48,5 ҳазор адад расидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз ё 4550 адад зиёд мебошад.
Бо мақсади ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар арафаи идҳои давлатию миллӣ ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он зиёда аз 1,3 ҳазор тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалия пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд.
Дар ин давра ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозорҳои ҳудуди шаҳр бо маҳсулоти гӯштӣ аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ба миқдори 129 тонна маҳсулоти гӯштӣ бо нархҳои дастрас пешкаши сокинон гардонида шудааст.
Аз ҷониби корхонаи мазкур бо мақсади муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулоти бештари ниёзи мардум, нақшаи захира тасдиқ гардидааст, ки иҷроиши он ҳамасола барзиёд таъмин мегардад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомот, рушди соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, вобаста ба он пайваста чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Дар ин давра хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт дар умум 1093 медал, аз ҷумла аз ҳисоби Олимпиадаҳои фаннӣ дар байни минтақаҳои ҷумҳурӣ 812 медал ва аз ҳисоби Олимпиадаҳои байналмилалӣ 281 медалро ба даст овардаанд, ки аз ин ҳисоб шаҳри Душанбе дар байни дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар мақоми аввал қарор дорад.
Дар соҳаи тандурустӣ - масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот ба ҳисоб меравад.
Муассисаҳои зертобеи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 61 адад буда, дорои 2 779 кати муолиҷавӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 59,6 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки ин 4,8 фоизи шумораи умумии аҳолии пойтахтро дар бар мегирад.
Ҳамзамон ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши амалӣ ва назариявии кормандони соҳаи тандурустии пойтахт як қатор корҳо ба анҷом расонида шуда, 339 нафар табибон ва 388 нафар кормандони миёнаи тиб аз такмили ихтисос ва бозомӯзии касбӣ гузаштанд.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ба мақомот 13 638 мактуб ворид шудааст, ки аз ин шумора ба 1 625 адади он ҷавоби расмӣ ирсол гардидааст.
Аз шумораи умумии мактубҳои воридшуда 6 952 мактуб хусусияти ахборотӣ дошта, 208 мактуб дар ҳолати корбарӣ қарор доранд.
Дар доираи иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра ба мақомот 4853 ҳазор муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки 99 фоизи он аз тарафи сохторҳои дахлдори мақомот ва сохторҳои шаҳрӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи роҳбарияти шаҳр ва масъулони сохторҳо 1281 нафар шаҳрвандон қабул гардида, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоту дархостҳои онҳо ба сохторҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявӣ дастуру супоришҳои мушаххас ирсол карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки қабули муроҷиатҳо тавассути почтаи электронӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии мақомот ба роҳ монда шуда, дар ин давра 187 адад аксу наворҳо қабул ва ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо ба масъулин ирсол карда шуд.
Ҳамзамон, дар ин самт бо мақсади ташкили хизматрасонии осон ва қуллай, ҳалли саривақтии муроҷиатҳои шифоҳӣ ва телефонии шаҳрвандон дар назди Мақомот ва ноҳияҳои он низоми худкори фаъолияти Маркази тамос «Call-Center» ташкил гардида, фаъолиятро пурра оғоз намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.
Дар охири нишаст қайд гардид, ки “Моро дар пеш вазифаҳои азими созандагӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва татбиқи амалии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии кишвар водор месозад, ки таҳти дастуру супориш ва нишондодҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ кору пайкор намоем. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем пойтахти Ватани маҳбубамон - шаҳри Душанберо боз ҳам обод намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ бештар муаррифӣ намоем”.
Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимаи аввали соли 2024 ва нақшаҳои шаҳрдорӣ барои давраи минбаъда посух гуфтанд.