Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №573 АЗ 19.08.2024

19 Августи 2024, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани даври дуюми озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 36 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, №АП-470 «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои банди 28-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024, №59 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                   ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» дар шаҳри Душанбе, ҳайати Комиссия ва харҷномаи озмун тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни «Қаннодӣ, ҳалвопазӣ, шириниҳои миллӣ ва муосир» тадбирҳои дахлдорро амалӣ намоянд.

3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби Фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 19670 (нуздаҳ ҳазору шашсаду ҳафтод) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.

6.  Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                          Рустами Эмомалӣ

Илова кунед