БАРГУЗОРИИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗИИ ДАСТАҶАМЪОНА ДАР ПОЙТАХТ
03 Августи 2024, Шанбе
ш.Душанбе. 03.08.2024. Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва сохторҳои шаҳри Душанбе машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ ва теренкур-роҳгардии саломатӣ доир гардид.
Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон иштирокчиёни машқи пагоҳирӯзиро ба ифтихори “Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон” шодбош гуфта, таъкид намуданд, ки таблиғи тарзи ҳаёти солим, роҳандозии тадбирҳои мақсаднок, машғулияти пайвастаи наврасону ҷавонон, калонсолон ба варзиш ва ба ин васила муҳайё намудани шароитҳои созгори инфрасохторию ташкилӣ барои рушди соҳа дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.