Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ВОБАСТА БА ГУЗАРОНИДАНИ ФЕСТИВАЛИ “ТАОМҲОИ МИЛЛӢ”

06 Августи 2024, Сешанбе

ш.Душанбе. 06.08.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон, вабаста ба баргузор намудани даври ҷумҳуриявии фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимиятӣ иштирок дошта, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани чорабинии мазкур муваззаф гардиданд.
Қайд бочд кард, ки даври ҷумҳуриявии фестивали «Таомҳои миллӣ» ва озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Зеби дастархон» санаи 10 августи соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Илова кунед