Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ”

09 Августи 2024, Ҷумъа

ш.Душанбе. 09.08.2024. Имрӯз дар майдончаҳои хурди варзишгоҳи марказии пойтахт, мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд байни кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол, барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқаи мазкур 95 даста бо фарогирии 1425 нафар кормандони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо, корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол иштирок намуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло, муовини Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб, ноиби Президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон Ҷуразода Дилшод, Сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода, мудири шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Дониёрзода Ҷамшед, муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Душанбе Исо Вафоев, директори муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ»-и шаҳри Душанбе Аловуддини Аваз, директори мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии рақами 10 оид ба футбол Хӯҷамов Субҳон ва дигар роҳбарони мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Дар байни кормандони аз 23 сола болои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он ва ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, дастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сазовари ҷойи якум, дастаи Раёсати қушунҳои дохилӣ ҷойи дуюм ва дастаи КВД «Душанбешаҳрсоз» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни кормандони аз 23 сола болои вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи ҶСК “Ориёнбонк” сазовари ҷойи якум, дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Миёни кормандони аз 23 сола болои ташкилоту муассисаҳо корхонаву ҷамъиятҳо ва дӯстдорони футбол дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовари ҷойи якум, дастаи «Рахш-такси» ҷойи дуюм ва дастаи «Соро-ойл» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин дар байни кормандони аз 45 сола болои вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо дастаи ҶСП “Вавилон-Мобайл” сазовари ҷойи якум, дастаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи дуюм ва дастаи «Бухоро» сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Аз ҷониби роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Нурулло ба ғолибони ҷойи якум Ҷом, медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 17000 сомонӣ, ҷойи дуюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 15300 сомонӣ ва ҷойи сеюм медал, диплом, маблағ дар ҳаҷми 13600 сомонӣ тақдим карда шуданд.

Илова кунед