БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД ГУЗАРОНИДАНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИДИ ТАРБУЗ, ХАРБУЗА ВА КАДУ»
19 Августи 2024, Душанбе
ш.Душанбе. 19.08.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовинони Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва Фақерзода Рустам, ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани «Иди тарбуз ва харбузаву каду» ҷаласаи корӣ доир гардид гардид.
Зимни ҷаласа қайд гардид, ки ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023, АП-470, супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2024, 32853 (28-2) ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06 феврали соли 2024, №59 дар бораи баргузории фестивалу намоиш ва иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе, санаи 25 августи соли равон дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе «Иди тарбуз ва харбузаву каду» ба нақша гирифта шудааст. Дар робита ба ин, ба тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва масъулини соҳа барои омодагии ҷиддӣ ва таҷлили бошукуҳи ин чорабинӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.