Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №616 АЗ 04.09.2024

04 Сентябри 2024, Чоршанбе

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон»

                                              ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур - Олимзода Сафар Маҳмадшоҳ., Исмоили Сомонӣ – Қодирзод Руслан Раҷаб., Фирдавсӣ – Гуреззода Умед., Сино – Саидзода Тоҷиддин Ниёз) дар таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахт ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 839 200 (чор миллиону ҳаштсаду сиву нуҳ ҳазору дусад) сомонӣ, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 164 200 (як саду шасту чор ҳазору дусад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиқи замимаи №1 ва маблағи 4 675 000 (чор миллиону шашсаду ҳафтоду панҷ ҳазор) сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе мутобиқи замимаи №2 ҷудо намояд.

3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 8 сентябри соли 2024 тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо;

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе, сарпарастони ноҳияҳои шаҳр бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе.

4. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                        Рустами Эмомалӣ 

Илова кунед