БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
04 Сентябри 2024, Чоршанбе
ш.Душанбе. 04.09.2024. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 9 вгусти соли 2024, №451 Дар бораи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе чорабинии ҷашниро бо иштироки фаъолони пойтахт дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъати ба номи Одина Ҳошим” доир намуд.
Дар чорабинӣ муовинони Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Қайд гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ин бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ маросими ҷоизасупории озмунҳои “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” ва “Хушдомани беҳтарин” ҷамъбаст гардида, ғолибону иштирокчиёни озмунҳои мазкур бо диплому сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир аз ҷониби Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии ҳозирин барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми Ватану Меҳан манзур намуданд.