БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ-2024
06 Сентябри 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе.06.09.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани “Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024” ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа Табарзода Ҷамшед ҳамаи масъулинро ҷизати дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани чорабинии мазкур корҳои назаррасе ба анҷом расидаанд.
Бояд иброз намуд, ки бо мақсади рушди сайёҳии шаҳрӣ, муаррифии иқтидори табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии кишвар, ба хусус пойтахти он – шаҳри Душанбе, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, ташкли бозори сайёҳӣ, таҳкими ҳамкорӣ, дарёфти шарикони нав ва дар ин замина ҷалби бештари сайёҳон ба кишвар, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 22 августи соли 2024, №581 «Дар бораи баргузор намудани «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024» (Dushanbe International Tourism Exhibition-2024)» ба тасвиб расид.
Дар асоси қарори мазкур Нақшаи чорабиниҳо ва ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе бо ҷалби роҳбарони сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар тасдиқ карда шуд.
Баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе рӯзҳои 25-27 сентябри соли 2024 дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (EXPO) ба нақша гирифта шудааст ва дар доираи он Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии Душанбе доир карда мешавад.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳамзамон зимни баргузории чорабинӣ машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
Дар фарҷом ҷиҳати бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳои дарпешгузошта, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.