Тоҷикӣ

КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚИШРИ НИЁЗМАНДИ ПОЙТАХТ

06 Сентябри 2024, Ҷумъа

Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманд ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баҳраманд мегарданд.
Дар арафаи таҷлили ҷашни 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёда аз 12500 нафар, аз ҷумла иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулл, камбизоатон, маъюбон, мактаб-интернатҳо барои кӯдакони ятим ва бепарастор, қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳри Душанбе, инчунин кормандони муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои шаҳри Душанбе, кумакҳои пулию моддӣ расонида шуд.
Дастгирии маъюбон, ятимону бепарасторон ва оилаҳои ниёзманд аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мадди назари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт ва чун анъана дар арафаи ҳама иду айём ин иқдоми неку инсондӯстона сурат мегирад. Ва ин амали ҷавонмардонаву инсондӯстонаро имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ низ идома мебахшад.

Илова кунед