Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №661 АЗ 20.09.2024

20 Сентябри 2024, Ҷумъа

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                               ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1.  Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 2 октябри соли 2024, соати 900 дар толори бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ – 40 даъват карда шавад.

2.  Ба рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва таъмини иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.2. Дар бораи рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2021, №360 «Дар бораи Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётӣ»;

2.3. Дар бораи «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021 – 2025» ва рафти иҷрои Нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ин самт;

2.4. Дар бораи номгузорӣ намудани Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим;

2.5.  Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

3.   Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад (замимаи 1).

4.  Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷааш ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 30 сентябри соли 2024 таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд (замимаи 2).

5.   Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридшударо ба гурӯҳи корӣ манзур созад.

6.  Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Қурбонализода Н.Ш. гузошта шавад.

                                                                                 Рустами   Эмомалӣ

Илова кунед