Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №622 АЗ 09.10.2019

10 Октябри 2019, Панҷшанбе

Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар  шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021

 

Бо мақсади татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон беҳгардонии вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, пурзӯр намудани нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи ҷавонон ва иҷрои банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №94 «Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»

                                                                                   Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

1. Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019–2021 ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои Барнома тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд. 

2. Муовини Раиси шаҳр, сарпарасти соҳа, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар ҳамкорӣ бо дигар ташкилоту идораҳои дахлдор иҷрои барномаи мазкурро таъмин намоянд.  

3. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози татбиқи барномаи мазкур муайян гашта, ҳамасола то 10 декабр оид ба натиҷаи амалишавии барнома ба мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.

4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои татбиқи барнома дар соли 2019 аз ҳисоби маблағҳои махсуси дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 180 000 (як саду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо намуда, дар солҳои минбаъда ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Душанбе маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

5. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019–2021-ро таҳияву қабул ва маблағгузории онро таъмин намоянд.

6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                   Рустами  Эмомалӣ 

Илова кунед