ҲАМОИШИ ТАНТАНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОНИ КАСБУ КОРИ ГУНОГУНИ ПОЙТАХТ, ТАҲТИ УНВОНИ “ҶАВОНОН МЕРОСДОРИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ КИШВАР”
20 Сентябри 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе 20.09.2024. Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 33 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифти ҳуқуқӣ” аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе, кормандони соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳбарият ва устодони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, сарбозону афсарон, мураббиён ва варзишгарони муассисаҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, фаъолҷавонони касбу кори гуногун ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Қабл аз оғози Ҳамоиш иштирокчиён филми ҳуҷҷатии "Душанбе шаҳри ҷавонӣ”-ро дастаҷамъона тамошо намуданд.
Қисмати тантанавии ҳамоиш бо ворид намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сарбозони Гвардияи миллии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар идома муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар ва муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Шабнам Карим аз таваҷҷӯҳу дастгириҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба рушду нумӯи бемайлони сиёсати давлатии ҷавонони ва соҳаи варзиш дар заминаи тадбирҳо ва чорабиниҳои илмиву маърифатӣ ва фарҳангиву варзишии сатҳи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ асос гузоштанд, ибрози андеша намуд.
Ҳадаф аз баргузории чорабинии имрӯза пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳуввияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва дар ин замина таҳкими зиракии сиёсии ҷавонон, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, риояи одоби шаҳрнишинӣ маҳсуб ёфта, барои ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тозагиву хуррамгардонии кишварамон, махсусан пойтахти он - шаҳри Душанбе маънидод гардид.
Ҳамчунин дар Ҳамоиш нависандаи халқии Тоҷикистон, иштирокчиии Иҷлосияи 16 – уми Шурои Олии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадизода Нозим Давлатмурод, муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мурдаззозода Ораз дар мавзӯъҳои вобаста ба “Истиқлоли давлатӣ – ҳамчун омили ташаккули давлати демократӣ дар Тоҷикистон”, "Истиқлоли давлатӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва адабӣ" ва "Ҷавонон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дар марҳилаи муосири инкишофиа Тоҷикистон” баромад намуданд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона аз ҷониби аҳли фарҳангу санъат анҷомбахшӣ чорабинӣ гардид.