Тоҷикӣ

МУЛОҚОТ БО МУОВИНИ РАИСИ ШАҲРИ ШЕРОЗ ЧОУБИНИ МУҲАММАДАЛӢ

24 Сентябри 2024, Сешанбе

Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо муовини раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Чоубини Муҳаммадалӣ, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масоили ҳамкорӣ миёни Душанбеву Шерозро баррасӣ намуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе аз рушду тавсеаи назарраси равобити бародаршаҳрӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо шаҳри Шероз ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мо омодаем минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешем.
Ба густариши муносибатҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоду тиҷорат, тақвияти равобити илмию омӯзишӣ ва рушди ҳамкории фарҳангӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҷоиз ба зикр аст, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни ду шаҳр 16 феврали соли 1992 бо имзои Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз истиқрор гардида, он самтҳои асосии ҳамкориҳои тарафайнро дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сохтмону шаҳрсозӣ, саноат, ҷавонон, сайёҳӣ ва ғайра муайян мекунад.

Илова кунед