Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲИИ ДУШАНБЕ - 2024

26 Сентябри 2024, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 26.09.2024. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 («Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) оғоз гардид, ки то 27 сентябр идома меёбад.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар баргузории намоишгоҳро яке аз роҳҳои самараноки ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва сармояи мустақим, инчунин ба таври беҳтар пешкаш намудани хизматрасонӣ барои тавсеаи ҳамкорӣ байни шаҳрҳо ва пойтахтҳо, субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ ва доираҳои манфиатдор арзёбӣ намуд.
Дар DITE-2024, ки дар Маркази Намоишгоҳи байналмилалии Душанбе (Dushanbe Expo) баргузор шуд, субъектҳои сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, инчунин бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики он, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ маҳсулот ва хизматрасонии худро муаррифӣ намуданд.
DITE-2024 бо мусоидати Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии «Сомон Тревэл», «Кинг Тур» ва «Диёр Тревэл» бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ баргузор карда шуд.

Илова кунед