Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ВА МАРОСИМИ БОТАНТАНАИ ГУСЕЛИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ МОДАР ВАТАН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

01 Октябри 2024, Сешанбе

ш.Душанбе. 01.10.2024. Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2024, №856 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 4 сентябри соли 2024, №615 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 1 октябр дар Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии “Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, раиси ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи кор бо ҷавонон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок намуданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Муҳаммадтолиб ва муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд.

Илова кунед