ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №705 АЗ 21.10.2024
Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия»
Бо мақсади иҷрои банди 62 Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум ва комиссияҳои доимию муваққатӣ барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №753 ба тасвиб расидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шавад.
2. Низомнома, ҳайати комиссия, ҳайати ҳакамон ва харҷномаи озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).
3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» тадбирҳои амалӣ андешанд.
4. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои мақоми пойтахт пешбинишуда тибқи замимаи 4 ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» маблағи 85000 (ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ба Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
5. Шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни амалишавии онро тариқи воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ