Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №736 АЗ 04.11.2024

04 Ноябри 2024, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 62 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати тарғибу ташвиқи дастовардҳои шаҳри Душанбе дар соли 2024, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                        Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

1. Озмуни шаҳрии беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Низомнома, ҳайати комиссия ва харҷномаи баргузории  озмун тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2 ва 3).

3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 барои гузаронидани озмуни мазкур 71110 (ҳафтоду як ҳазору яксаду даҳ) сомониро ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа, шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе,  муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси  шаҳри Душанбе – сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                            Рустами Эмомалӣ

Илова кунед