Тоҷикӣ

ХАТСАЙРҲОИ НАВИ САЙЁҲӢ: ТАЪРИХИ ФАЪОЛИЯТ ВА КОРНОМАИ ДАВЛАТСОЗИИ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

12 Ноябри 2024, Сешанбе

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар хатсайрҳои нави сайёҳии шиносоӣ аз таърихи фаъолият ва корномаи давлатсозии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.
Хатсайрҳои мазкур давоми рӯзҳои 9 - 15 ноябри соли равон бо ҷалби роҳбарону кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорону хонанагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ, ҷавонону варзишгарон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Зимни баргузории хатсайрҳои сайёҳӣ боздиди иштирокчиён аз Осорхонаи даврони мактабии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, Осорхонаи Пешвои миллат воқеъ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва тамошои филмҳои мустанади «Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори давлати навини Тоҷикистон», «Марде аз сарнавишт» ва «Душанбе - нигини миллати тоҷик» дар кинотеатри «Кохи Наврӯз» сқрат гирифт.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мунтазам баҳри сазовор таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар замиру ботини сокинони пойтахт тарбият намудани ҳисси шукргузорӣ аз неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва омӯзишу арҷгузорӣ ба хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои гуногунро роҳандозӣ менамояд.
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадорӣ дар давраи давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагӣ дар сарзамин, рушди босуботи мамлакат ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалист, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ аз салоҳиятнокӣ, фаъолияти босамар ва соҳибхирадии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

Илова кунед