ПАЁМИ ТАБРИКОТИИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМ ЭМОМАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
16 Ноябри 2024, Шанбе
Ҳамватанони азизу арҷманд!
Мардуми шарифи кишвар бо такя ба тафакури тамаддунӣ, хислатҳои хоси эҳтиром, қадрдониву арҷгузории миллӣ ва ҳисси шукргузорӣ, аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.
Таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ пеш аз ҳама шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки дар вазъияти барои давлати ҷавони тоҷикон ниҳоят мураккабу печида, роҳбарии кишвари ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашидашударо ба уҳда гирифта, бо меҳнату заҳмат, ҷасорату хиради волои хеш тавонист халқу миллатро сарҷамъ карда, армонҳои ҳазорсолаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад.
Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ - сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтанд ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои тақдирсозро анҷом додаанд.
Бешубҳа хизматҳои бузургу барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун як фарди ватандӯсти кишвар дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин навишта шудаанд.
Имрӯзҳо мо шоҳиди он ҳастем, ки муҳаббату самимият нисбат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалбҳои тамоми мардуми кишвари азизамон ва тоҷикони тамоми ҷаҳон ҷой гирифта, таҷассумгари маҳбубияту эътирофи ин чеҳраи сатҳи ҷаҳонӣ аст.
Бинобар ин, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми шарафманди кишвар бо нишони арҷгузорӣ ва ифтихору сарфарозӣ нисбат ба хидматҳои нотакрори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли ҳамватанонамон муборакбод намуда, ба ҳар як сокини мамлакат зиндагии босаодат, рӯзгори обод ва ба Сарвари маҳбубамон дар амалигардонии нақшаҳои бузургашон баҳри таъмини пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон саломатии қавӣ, хушбахтӣ ва нерӯи тоза таманно дорем.