Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Ноябри 2024, Шанбе

ш.Душанбе. 16.11.2024. Имрӯз дар пойтахти кишвар бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Садоқат ба Президент - садоқат ба Ватан” баргузор гардид.
Дар қисмати расмии чорабинӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Ализода Зариф баромад намуда, нақш ва хизматҳои арзандаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хеле муассир арзёбӣ намуданд.
Сипас муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷамшед ба ҳозирин паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд.
Қайд гардид, ки таҷлили ин ҷашни умумимиллӣ пеш аз ҳама шукргузорӣ аз пойдории давлату миллат, истиқрори истиқлолу ваҳдат, бақои сулҳу субот, ҳастии забону фарҳанг ва ҷасорату фидокории Роҳбари хирадманду раъиятпарвар ва оқилу нотакрори миллат - Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад, ки дар вазъияти барои давлати ҷавони тоҷикон ниҳоят мураккабу печида, роҳбарии кишвари ба вартаи ҷанги таҳмилӣ кашидашударо ба уҳда гирифта, бо меҳнату заҳмат, ҷасорату хиради волои хеш тавонист халқу миллатро сарҷамъ карда, армонҳои ҳазорсолаи миллиро ба ҳақиқат табдил диҳад. Маҳз 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани аввалин Президенти ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихобгардидаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид ва дар таърихи давлатдории мо марҳилаи нави сиёсӣ - сохти идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихии миллати тоҷик мебошанд, ки дар таҳкими давлатдорӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги таҳмилӣ раҳо сохтанд ва дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, таърихиву фарҳангӣ ва сиёсии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои тақдирсозро анҷом додаанд.
Дар фарҷом барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми Ватан ва садоқат ба Президенти маҳбуби кишвар манзури аҳли толор гардонида шуд.

Илова кунед