МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРӢ БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ «БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ КОНСТИТУТСИЯ» ВА «ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНИРО МАҲКУМ МЕСОЗЕМ»
20 Ноябри 2024, Чоршанбе
ш.Душанбе. 20.11.2024. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмунҳои шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» ва «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, Раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди коррупсия, ректори Донишгоҳи давлатии Кўлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рўдакӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, роҳбарону директорони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ва намояндагони дигар қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзиданд.
Зимни чорабинӣ қайд гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои маҳбуби миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шуд. Дар пайванди ба ин ташаббуси созандаи Пешвои миллат аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ як қатор чорабинӣ ва озмунҳо ташкил ва роҳандозӣ карда шуданд. Аз ҷумла бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 21 октябри соли 2024, №705 Озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” дар шаҳри Душанбе ва дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” ташкил ва гузаронида шуданд.
Озмуни “Беҳтарин донандаи Конститутсия” таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, низом ва тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва бартарияти ҳуқуқ, рушду инкишофи давлати ҳуқуқбунёд, демократия ва ҷомеаи маданӣ, густариши тарбияи ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии аҳолӣ ва камолоти фарҳанги ҳуқуқии мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.
Иштирокчиёни озмун ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда шуданд:
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11);
- хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ) ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо);
- донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ.
Озмун ба таври зайл ташкил ва гузаронида шуд:
- санҷиши саводнокии конститутсионӣ тариқи саволномаҳои тестӣ;
- санҷиши саводнокии конститутсионӣ тариқи шифоҳӣ.
Дар озмун аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе довталабон пешниҳод гардиданд ва дар умум 18 нафар ғолибият ба даст оварданд.
Ҳамзамон, дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ якҷо бо раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 15 октябр то 15 ноябри соли ҷорӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии “Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем” ташкил ва баргузор карда шуд. Озмун аз рўи се номинатсия – “Расми беҳтарин”, “Беҳтарин иншо” ва “Мақолаи беҳтарин” гузаронида шуд.
Дар кори он зиёда аз 3000 хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ширкат варзида, аз ин шумора 95 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат ёфт ва 18 нафари онҳо ғолиби даври ниҳоии озмун дониста шуданд.
Озмунҳои мазкур бори нахуст аст, ки дар шаҳри Душанбе ташкил карда шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо завқу ҳаваси баланд ширкат намуданд.
Зимни чорабинӣ иштирокчиён ин иқдомҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро самараи даврони Истиқлол ва нишон аз ваҳдату ягонагӣ ва тинҷиву амонӣ дар кишвар арзёбӣ намуданд. Қайд гардид, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми арзишманди худро гузошта, барои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ва эъмори давлати ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи демократӣ нақши мондагори худро хоҳанд гузошт.
Дар чорабинӣ меҳмонон ба иштирокчиёни озмун диплому туҳфаҳои хотирмонро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, бо иштироки ҳунармандони мумтози ҷумҳурӣ барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.