Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ХУШБАХТИИ ОИЛА ВА РӮЗГОРИ ОБОДУ БОСАОДАТ БИДУНИ ЗӮРОВАРӢ” ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27 Ноябри 2024, Чоршанбе

ш.Душанбе. 27.11.2024. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Хушбахтии оила ва рӯзгори ободу босаодат бидуни зӯроварӣ”, дар доираи маъракаи иттилооти “16-рӯзи мубориза алайҳи зӯроварӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Умеда, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҳмашарифзода Дилрабо, мудири шуъбаи дин, танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Аҳтамзода Абдуалим, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саиднозимзода Фирӯз, ҳамзамон вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт, занону бонувони фаъоли вазорату идораҳо, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, муовинони ректор оид ба корҳои тарибиявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, роҳбарон ва масъулини воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, кормандони сохторҳои қудратӣ, маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кор бо занон ва оила, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, собиқадорони меҳнат ва ҷавонону донишҷӯён иштирок намуданд.
Маърузачиёни конференсия иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар он ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон тибқи Конститутсия, дигар қонунҳои миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ кафолат дода мешавад. Пешгирии зӯроварӣ дар оила яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил дода, бо мақсади коҳиш додани он ва баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа Ҳукумати кишвар пайваста чораҳои зарурӣ меандешад.
Инчунин гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла баробарҳуқуқии мардону занон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарҳуқуқии мардону занонро кафолат дода, принсипи баробарҳуқуқии мардону занон дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаи худро ёфтааст, ки тибқи он “Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
Дар охир занону бонувони фаъол, аз ҷумла Қурбонова Ширин – Раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизбии “Хирадмандон” дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар музокира иштирок намуда, андешаҳои худро баён доштанд.

Илова кунед